Раиси ноҳияи Кушониён Вализода Икромиддин  ба аёдати шахсони имконияташон маҳдуд рафта, ба онҳо аробачаи маъюбӣ ва маводи хурокворӣ тақдим кард.

Рӯзи  16 ноябри соли 2023, дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенту 31 солагии Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз, роҳбарияти ноҳия шахсони имконияташон маҳдудро аёдат намуда, онҳоро аз номи Пешвои муаззами миллат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба хонадони онҳо файзу баракат ва рӯзгори осударо таманно намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён хабар доданд.

Қайд гардид, ки ба онҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳои ғизоӣ, аробачаи маъюбӣ ва барои сохтмони хонаи истиқоматӣ масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуданд.

Гуфта мешавад, ҷавобан ба ин ғамхориҳо шахсони аёдатгардида ба миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат баён намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидонаро таманно намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь