Дар Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон – 1-уми июн раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин ба хонаи кӯдакони бемор ва имконияташон маҳдуд рафта, ба онҳо ёрӣ расонд.
Дар ин рӯз роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулин 7 нафар кӯдаки бемор ва имконияташон маҳдудро дар хонаҳои истиқоматиашон аёдат ва ба онҳо китобҳои дарсиву бадеӣ туҳфа карданд.
Ҳамчунин, ба кӯдакон шириниҳо, доруворӣ ва маводҳои ғизоӣ низ ёрӣ расонида шуд. Раиси ноҳия ҳамаи онҳоро аз номи роҳбари давлат ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва хушбатии доимиро таманно кард.
Ӯ ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки онҳо зери ғамхорӣ ва таваҷҷуҳӣ доимии ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, барояшон тамоми шароити хуби зиндагӣ ва табобат фароҳам оварда мешаванд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо волидони кӯдакон миннатдории самимии худро баён карданд.