Раиси ноҳияи Кушониён Вализода Икромиддин дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба як моҳи ҳаёти кӯдакон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1-июн” 6 кӯдаки имконияташон маҳдуд, бемор ва ятимро аёдат кард.

Аз дафтараи матбуотии раиси ноҳияи Кушониён хабар доданд, ки раиси ноҳия  онҳоро аз номи роҳбари давлат ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва осмони софу беғубор ва ҳаёти осоиштаро таманно намуда, шириниҳо, маводи ғизоӣ ва аробачаи маъюбӣ ҳадия кард.

Вализода Икромиддин ҳангоми суҳбат бо волидон ва наздикони кӯдакон таъкид кард, ки ин фарзандони азиз зери ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат қарор дошта, сол то сол дастгириҳо нисбати онҳо бештар мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь