1-апрели соли ҷорӣ дар ҳукумати ноҳияи Кушониён рӯзи қабули шаҳрвандон бо раиси ноҳия Вализода Икромиддин баргузор гашт, ки дар он 50 нафар иштирок карда, аз роҳбарияти ноҳия  дар бораи мушкилоти худ кумак хостанд.

Сокинон бештар аз раиси ноҳия дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмак кардан, бунёди манзили зист ва дигар мушкилоти ҷойдошта муроҷиат карданд.

Бояд гуфт, наздики 70 дарсади муроҷиати сокинони ноҳия мазкур оид ба ҷудо кардани қитъаи замин буд, ки раиси ноҳия ба муроҷиаткунандагон гуфт: “Ҳоло  дар ноҳия имкони ҷудо кардани қитъаи  замини наздиҳавлигӣ нест, агар хоҳед, дар ноҳияи Хуросон ва Носири Хусрав имкони додани замин”.

Вализода Икромиддин дарди дили ҳамаи муроҷиаткунандагонро пурра шунида ба масъулони ташкилоту идораҳои шаҳр супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳ ба мушкилии онҳо расидагӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь