Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Кӯшониён нақшаи кишти такрорӣ ба ҳолати 1 июли соли равон, 6 ҳазору 158 гектар иҷро шудааст, ки 78,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин гуфт, тибқи дурнамои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия нақшаи кишти такрорӣ 7 ҳазору 914 гектар мебошад, ки ба ҳолати 1 июли соли равон, иҷроиш 6 ҳазору 158 гектар буда, 78,1 дарсадро дар бар мегирад ва кишти такрорӣ бо маром дар ҳамаи бахшҳо идома дорад.
Раиси ноҳия қайд кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат, ки 18 июни соли ҷорӣ, дар вохурӣ бо фаъолони вилоят ва ҷумҳурӣ дар ноҳияи Данғара баён гашт, бобати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъиятӣ ва ёрирасон, захираи 2-солаи маводи ғизоӣ ва гузаронидани кишти такрорӣ дар ноҳия аз ҳисоби фаъолон гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, бо усули хона ба хона ва деҳа ба деҳа корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии замин ва ба қайд гирифтани захираи маводи ғизоӣ идома дорад.
Сокинони ноҳияи Кӯшониён, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро, сармашқи кори худ намуда, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда, баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, аз тамоми шароитҳои мавҷуда самаранок истифода мекунанд.