Аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Кӯшониён давоми соли ҷорӣ ба маъюбон, ятимон, оилаҳои ниёзманд, табибон, қисмҳои низомӣ, собиқадорони меҳнат  ва дигар нафарон бештар аз 6 миллиону 543 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ, сару либос ва кӯмаки молӣ расонида шудааст.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ба “Фараж” хабар доданд, ки  дар доираи  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста маъюбон, ятимон, шахсони эҳтиёҷманди ноҳия ва дигар қишри ниёзманд кумаку дасгирӣ меёбанд.

Дар арафаи соли нави мелодӣ бо дастгирии раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин ба маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбони ноҳия, сарбозони қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, кӯмак расонида шуд. Ҳамчунин ба беш аз 1 ҳазору 290 оила ва ятимону маъюбон  ва собиқадорони меҳнати ноҳияи  кӯмаки иҷтимоӣ карда шуд.

Роҳбарияти ноҳия талош дорад, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳонашонро дар оянда идома диҳад, то ашхоси ниёзманд худро танҳо ҳис накунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь