Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон корхонаҳои саноатӣ соли 2023-юм ба маблағи 428,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки ин нисбати соли 2022-юм 11,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин иттилоъ дод.
Хабар дода шуд, ки дар ин сол бо иштироки Роҳбари давлат корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 5 ҳазор тонна ашёи хом ва бо таъсиси 30 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ 4 корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла ҶДММ “Водии зарин”, ҶДММ “Танвин”, ҶДММ “Фаровон Сангрез” ва корхонаи ашёи хоми пахта сохта ба истифода дода шуд, ки 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд, илова кард Вализода.
Дар назар аст , ки соли 2024-ум коргоҳи истеҳсоли мебел, корхонаи истеҳсоли дучарха ва мотороллер, ҶДММ “Наврӯз Котон” ва як коргоҳи истеҳсолии равғани пахта сохта ба истифода дода шаванд.
Ӯ афзуд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳия бунёду таъмири 252 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо 84 ададаш мавриди истифода қарор дода шудааст.
Раис гуфт, ки соли гузашта дар умум дар ноҳия 2 ҳазору 836 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.