Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон бо дастгирии оилаи Исмоилзодаҳо ва шахсони саховатманд 4 километр роҳҳои маҳаллӣ бо харҷи 4 миллион сомонӣ таъмир мешавад.

Муовини сардори муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар Набиҷон Яқубов гуфт, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни як сафари кории худ ба ноҳияи Кушониён аз рафти таъмири роҳо дар ин ноҳия, ки аз тарафи оилаи Исмоилзодаҳо ва шахсони саховатпеша амалӣ мешавад, дидан кард.

Ӯ гуфт, оилаи Исмоилзодаҳо ва шахсони саховатпеша 4 км роҳҳро бо харҷи 4 миллион сомонӣ таъмир мекунанд, ки то ин замон 1 км 600 метри он ба маблағи 1 миллину 100 ҳазор сомонӣ таъмир шудааст.

Давоми 10 моҳи соли равон бо маблағгузории соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  беш аз 27,6 км роҳ таъмири асосӣ, 94,2 км таъмири ҷорӣ шуда, инчунин  62 пул бо дарозии 529 метр таъмир шудаанд, ки  маблағи он 20 миллиону 714 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь