Дар ноҳияи Кшониёни вилояти Хатлон аз соли 2010 то инҷониб даҳҳо деҳаи нав бунёд карда шудаанд, ки баъзе аз онҳо аз набудани мактаб, роҳ, об, бунгоҳи тиббӣ танқисӣ мекашанд. Ҳукумати ноҳия ният дорад, марҳила ба марҳила ин мушкилҳоро бартараф кунад.

Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри таъмини деҳаҳои нав бо инфрасохтори зарурӣ ҳама чораҳоро меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар панҷ минтақаи ноҳия бо дастгирии ҳукумти кишвар, соҳибкорон ва мақомоти маҳал сохтмони 5 мактаби нав идома дорад.

– То ҳол дар деҳаҳои нав мушкили набудани мактаб, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ,  роҳ, об ва  барқ мавҷуд мебошад, ки мо онҳоро марҳила ба марҳила бартараф хоҳем кард, – гуфт раиси ноҳия.

– Пеш аз таъмини аҳолӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ бояд ҳама шароит барои сокинон, яъне инфрасохтори зарурӣ, ба назар гирифта шавад, – афзуд Вализода Икромиддин.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь