Дар маркази ноҳияи Кӯшониён бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматии 5 ва 9-ошёна бо суръат идома доранд.

Аз МИҲД-и ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ва таъмини аҳолӣ бо хонаи истиқоматӣ, бо ҷалби соҳибкорон дар маркази ноҳия сохтмони ду бинои 9-ошёна идома дошта, ду бинои 5-ошёна сохта ба истифода дода шуд.

Қайд гардид, дар назар аст, ки ду бинои 5-ошёнаи дигар бунёд карда шаванд.

МИҲД-и ноҳияи Кӯшониён кушиш дорад, ки бо дасгирии Ҳукумати кишвар  ва ҷалби сармояҳои хориҷиву дохилӣ маркази ноҳияро пурра бо оби ошомиданӣ таъмин карда, системаи обу корези ноҳияро бозсозӣ кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь