Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон то соли 2026-ум 252 бинову иншооти таъйиноташон гуногун  ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо 15 ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошад.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён иттилоъ доданд, ки аз 252 иншооти ба нақша гирифта шуда, 15 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 33 иншоот дар соҳаи маориф, 35 иншоот дар  соҳаи тандурустӣ ва 169 иншооти иҷтимоӣ мебошад.

Баъди сохта ба истифода додани онҳо садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

– Аз иншооти мазкур бунёди 56 ададаш дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз беш аз даҳ адади он сохта ба истифода дода шуд, – гуфт манбаъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь