Аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён оилаҳои сарбозон дидорбинӣ шуд ва ҳамчунин ба як қатор шахсони имконияташон маҳдуд дар арафаи Иди Рамазон кумак карда шуд.

Аз МИҲД- и ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба иди Рамазон аз тарафи роҳбарияти ноҳия бо 5 нафар аз оилаҳои сарбозони қаҳрамонона ҳалокгаштаи муноқишаҳои сарҳадӣ дидорбинӣ ва маводи ғизоӣ кумак карда шуданд.

Қайд гардид, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба иди Рамазон ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди ноҳия, алалхусус шахсони имконияташон маҳдуд кӯмакҳои яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь