Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1515 кас бо ҷойи корӣ доимӣ, мавсимӣ ва муввақатӣ таъмин карда шуданд, ки аз онҳо 1 ҳазору 23 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кушониён Комилҷон Муҳиддинов ба “Фараж” хабар дод, ки дар ин давра ба шуъба 1909 корҷӯ муроҷиат ва  ба қайд гирифта шуда, 1515 нафарашон бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Гуфта шуд, ки давоми 10 моҳи соли равон дар ноҳия  16 маротиба намоиши ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои  озод бо иштироки 82 ташкилоту идора гузаронида шуда, 261 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин 300 кас ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ шуданд.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 247 нафар  кумаакпулӣ дода шуда, ба 23 бекор барои рушди соҳибкорӣ 103 ҳазору 270 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь