Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар 8 моҳи соли ҷорӣ 139 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳолат зиёд мебошад.

Мумина Иброҳимзода

Мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён Мумина Иброҳимзода дар сӯҳбат ба хабарнигории “Фараж” зикр кард, ки аз 139 оилаи ҷудошуда 115 ҳолати он бо ҳалномаи суд бекор шудааст.

Ин шахси масъул омилҳои пошхӯрии оилаҳоро ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақил, дахолат шахсони сеюм, баҳси чизу чора, телефони мобилӣ, номувофиқ омадани хислатҳо, гирифтани шаҳрвандии дигар кишварҳо ва дигар сабабҳо арзёбӣ кард.

Мудири афзуд, ки баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо пайваста аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия бо ҳамроҳии дигар сохторҳо миёни аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад, то дар коҳиш додани он саҳм гузошта шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь