Дар ноҳияи Кушониён сокини 36-солаи деҳаи Бустонқалъа аз ҷониби дугонаи худ барои талаби маблағи қарзаш бо 6 зарбаи корд кушта шуд.

Тибқи иттилои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон  шаҳрванд Наргиза Юсупова, соли тавалудаш 1986, сокини ҷамоати шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо захмҳои халандаву буранда дар қисмати қафаси сина, дар ҳолати фавтида ба беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов расонида шуд.

Гурӯҳи оперативии кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони прократура ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, муайян карда шуд, ки дар бадани ҷасад 6 захми халандаву буранда бокорд зада шудааст, ки ин  боиси маргаш гардидааст.

Бо гумони даст доштани ба ин куштор шаҳрванд Абдулманонова Муноҷотхон соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Кушониён,  аз ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

– Зимни пурсиш шаҳрванд Абдулманонова Муноҷонтхон дар куштори шаҳрванд Юсупова Наргиза ба пуррагӣ иқрор шуд. Худи ӯ иброз дошт, ки  чанд муддат бо марҳум ошноӣ пайдо карда, аз ӯ миқдори муайяни пул қарздор будааст ва зимни   бозпас додани қарз дар манзили истиқоматии марҳум бо сабаби зиёд талаб намудани фоизи қарзӣ муноқиша сар зада, гумонбар бо корди ҳамроҳи худ овардааш бо як бераҳмии махсус Наргиза Юсуповаро 6 корд зада аз по афтонида,  ҷойи ҳодисаро тарк кардааст. Нисбати Манонова Муноҷотхон дар прократураи ноҳияи Кушониён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад,  – иттилъ дод  Офоқ Қодириён, корманди раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон.

Мавлуда Гулова,  Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь