Имрӯз дар шоҳроҳи Бохтар-Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳудуди ноҳияи Кушониён аст,  ҳашари даратхшинонӣ, кишти картошка ва тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо баргузор гардид.

Аз ҳукумати ноҳияи Кушониён хабар доданд, дар ин ҳашар бештар аз 800 сокини  ноҳия ба ҳашар баромаданд. Гуфта шуд, дар ин рӯз 3 ҳазор дарахти ҳамешасабз шинонида шуда, дар назди мактаби рақами 44-и ноҳия барои омӯзгорони  картошка кишт карда шуда, ҳамчунин заҳбуру заҳкаши канори шоҳроҳ тоза карда шуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Кушониён Вализода Икромиддин дар ин ҳашар ширкат карданд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳашаргарон оши палов дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь