Дар “Рӯзи аввали даъватшаванда” 70 нафар ҷавони ноҳияи Кӯшониён ба хизмати Ватан сафарбар шуданд.
Имрӯз, бо мақсади иҷрои Фармони президенти Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №246 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, дар назди бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён чорабинии тантанавӣ, гусели 70 нафар ҷавони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, ҷавонон, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва волидони наваскарон баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд.
Дар суханронии худ Вализода Икромиддин, раиси ноҳия, қайд кард: «Мо дар шароите қарор дорем, ки Ватани азизамон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардида, барои таҳкими сулҳу субот, озодӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои боз ҳам устувортаре мегузорад, аз ин рӯ ҳар якимо вазифадор ҳастем, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ватандӯсту меҳанпараст, муттаҳид шуда, якпорчагии кишвари азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем».
Ҳамзамон, раиси ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда расонида, ба ҷавонони сарбаланди ноҳия баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ, некномӣ ва дигар тамманиёти некро баён кард.
Сипас, чанд тан аз собиқадорони ҷангу меҳнат, волидон ва ҷавонони сафарбаршуда баромад карда, миннатдории тамоми ҷавонони ноҳияро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён карданд ва даъват ба амал оварданд, ки баҳри иҷрои саривақтии даъват ба Артиш камари ҳиммат баста шавад.
Барои ҳавасмандии ҷавонон, дар рафти чорабинӣ марҳилаи аввали супоридани шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ низ аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони даъватшаванда супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ватандӯстона ширкаткунандагонро болидахотир карданд.