Дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон бештар аз 178 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуданд, ки 60 дарсади онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Ин ҳолат боиси нигаронии бисёре аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш шудааст.

Сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён гуфт, бештари роҳҳои таъмирталаби маҳаллӣ дар ҷамоатҳои Бохтариён, Бустонқалъа, Навбаҳор ва Меҳнатобод мебошад.

Ба иттилои мавсуф имсол аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири 178,4 км роҳҳои аҳамияти  маҳаллидошта 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 60 ҳазораш ҷудо карда шудаст.

Номбурда ҳамчунин аз он нигаронӣ кард, ки дар роҳҳои маҳаллӣ 80 пули мошингузар мавҷуд мебошад, ки 40 адади онҳо низ таъмирталабанд.

– Аммо маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст, кам аст, – илова кард Фаридун Қодиров ва гуфт, ба қадри имкон роҳҳои маҳаллиро таъмир мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь