Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон масъулони ҳукумати маҳаллӣ азм доранд, ки ба 30 омӯзгор барои бунёди манзили зист қитъаи замин ҷудо кунанд.

Аз Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, дар мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси ноҳияи Кушониён Вализода Икромиддин бо омӯзгорон ва сокинон, ки дар толори маҷлисии муассисаи таълимии рақами 39 доир гардид, омӯзгорон оид ба ниёзмандиашон ба қатъи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат карданд.

Раиси ноҳияи Кушониён изҳор дошт, аллакай дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии омӯзгорон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ барои 30 омӯзгорро пешбинӣ кардаанд.

Омӯзгоре, ки ба гирифтани замини наздиҳавлигӣ мушарраф мегарданд, ҳатман бояд нишондиҳандаи хуб дошта, фаъолияташон назаррас буда, омӯзгори намунавӣ бошанд, зеро яке аз ҳадафҳои асосии пеш гирифтани ин ташаббус ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва ба ин восита мусоидат дар беҳтар шудани сифати таҳсил мебошад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ин ташаббуси раиси ноҳияро боиси дастгирӣ хонда, ба раиси ноҳия изҳори сипос кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь