Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”  дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон бунёди 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз  6 ададаш сохта ба истифода дода шуд.

Мудири  бахши меъмори ва шаҳрсозии МИҲД-и ноҳияи мазкур Эмомалӣ Юсуфзода гуфт, айни замон дар шаш корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ бо маром давом дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки калонтарин корхонаҳои саноатӣ заводҳои  пахтатозакунӣ,  истеҳсоли мототсикл ва худравҳои барқӣ ва дигар корхонаҳо мебошанд, ки баъди ба истифода додани ҳамаи онҳо  беш аз 200 кас соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Дар умум, то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Кушониён 252 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз он  то имрӯз 83 ададаш сохта ба истифода дода шудааст, гуфт ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь