Дар ноҳияи Ёвон корхонаи консервкунии меваю сабзавот ба кор шуруъ кард. Кушодашавии корхонаи мазкур имрӯз бо иштироки роҳбари лоиҳа Кирк Рамер Kirk Ramer ифтитоҳ гардид.

Ин корхона қисман бо дастгири молии Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, роҳандозӣ шудааст.

Барои роҳандозии коргоҳ беш аз 1 млн. сомонӣ сарф шудааст, ки соҳибмулк ҳудуди 700 ҳазори онро маблағгузорӣ кардааст ва 67,06 дарсади хароҷотро дар бар мегирад. Дар ҳамин росто лоиҳа ба андозаи 338,100 сомонии онро пардохт кардааст, ки 32.94% аз маблағи умумии буҷа мебошад.

Иқтидори истеҳсолии сех 1 000 бонка дар як бастро ташкил медиҳад.

Дар расми ифтитоҳи ин коргоҳ намояндагони ВАО, мақомоти баландпояи ноҳия, кордори ИМА дар Душанбе Кевин Коверт Kevin Covert ва роҳбари лоиҳа Кирк Рамер Kirk Ramer ширкат карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь