3-юми феврали соли равон дар бинои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ин кумита баргузор гардид. Саравал раиси ин кумита Файзуллозода Муҳаммадсаид ба ҳозиринро бо рафти барномаи нишасти матбуоти шинос намуда, пеш аз оғози барнома, қайд кард, ки кумита аз ҳамкориӣ бо  ВАО қаноатманд аст ва пешрафти фаъолияти кумитаро дар ҳамкориҳои тарафайн арзёбӣ   намуд.

Сипас муовини раиси кумита оид ба фаъолияти  Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар соли 2021 маъруза кард. Қайд карда шуд, ки дар соли 2021 ба иншооти нигаҳдорӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, дуконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои фурӯши чорво 7898 адад аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳурӣ 1 421 640 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта  141 522 сомонӣ зиёд  аст.

Дар бораи иҷрои корҳои инспексионали байторӣ гуфта шуд, ки дар соли гузашта 2299 адад амрия ва 4329 адад санад, инчунин нисбати 2838 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба маблағи 523 669 сомонӣ ҷарима ситонида, ба буҷаи давлат ворид карда шудааст. Вазъи бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, аз  ҷумла,  гӯшту  ширро, раиси кумита чунин  арзёбӣ кард: “Мо дар ҳамаи бозорҳо намоянда дорем. Ҳар саҳар гӯшт ва шире, ки ворид мешавад, албатта, аз ташхис мегузаранд”.

Ба қавли Бобошоҳ Давлатшоҳзода, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Душанбе, чунин маҳсулот аз нуқтаҳои аввалия бехатар карда мешаванд.

“Яъне аз фермаҳо то хоҷагию шахсони алоҳида, ки ба парвариши чорво машғул ҳастанд, нисбати бемориҳои хавфнок чораҳои зиддиэпидемикӣ мегузаронанд. Дар натиҷа шир ва дигар маҳсулоти худӣ безарар аст”, – гуфт Давлатшоҳзода.

Ӯ аз маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе мисол оварда гуфт, ширфурӯшоне, ки худ ба парвариши чорво машғуланд, ҳайвонҳои худро зидди бемориҳои хатарнок эм мекунанд.

Бо мақсади гузаронидани корҳои безараргардонӣ бо назардошти пандемии COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус кумитаи махсуси дизинфексионӣ ташкил карда шуда, дар соли 2021 аз ҷониби шӯъбаи мазкур дар асоси шартномаи тарафайн бо субъектҳои хоҷагидор, корхонаҳои истеҳсолиии ҳудуди вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ корҳои безараргардонӣ дар  масоҳати 78 884 метри мураббаъ ба маблағи 70 094 сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Дилноза Ҳукматуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь