Масъулини Кумитаи андози кишвар мегӯянд, ки дар нимсолаи аввали соли равон нақшаи андозро дар назди буҷаи кишвар пурра иҷро накардаанд, аммо маблағҳои ҷамъоваришуда назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Муовини якуми раиси Кумитаи андоз Аюбҷон Солеҳзода рӯзи 2-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки сарфи назар аз андешидани чораҳои зиёд аз ҷониби мақомот дар нимсола нақшаи андоз 98,6 дарсад иҷро шудааст.
– Дар ин давра ба ҷои 5 миллиарду 546,7 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷети давлат 5 миллиарду 466,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 80 миллион сомонӣ кам аст. Ин нишондиҳанда назар ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваришуда 416,7 миллион сомонӣ зиёд аст,- гуфт Солеҳзода.
Номбурда сабабҳои асосии дар ин давра таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андозро ба нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар як қатор корхонаҳои калон, бо сабаби кам шудани манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои овозии байналмилалӣ ва ба танзим дароварда нашудани хизматрасониҳои телематикӣ коҳиш ёфтани даромади ширкатҳои мобилӣ, инчунин, аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра ва сари вақт пардохт нашудани маблағи андозҳои ҳисобшуда рабт дод.
Кумитаи андоз ширкатҳои мобилиеро, ки назар ба соли гузашта маблағи андозҳоро ба буҷа кам ворид намудаанд, номбар кард. Ба гуфтаи масъулин, маблағи андозҳо аз ҳисоби ширкатҳои ҶСП «Телеком технолоҷӣ», ҶДММ «Таком», ҶСП “ТТ мобайл”, “Тоҷиктелеком”, “ТК мобайл” ва дигарон назар ба соли гузашта 80,3 миллион сомонӣ кам ворид карда шудааст.
Кумитаи андоз: Баъзе ширкатҳои мобилӣ андозро кам супориданд
Блоки рекламавӣ