Бар асари як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 10 кас ҷон дода, 11 каси дигар маҷруҳ шуданд. Дар ин ҳодиса чанд мошин осеб дидаву ду манзили истиқоматӣ низ зарар дидаанд.

Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб ба “Фараж” хабар дод, ки дар садамаи нақлиётие, ки шоми 6-уми августи соли ҷорӣ дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рух дод, 10 кас ҷон дода, 11 каси дигар ҷароҳат бардошта дар беморхона бистари шудаанд, ки ҳолати ду тан аз инҳо вазнин аст.

ВКД хабар дод, ки 6 августи соли 2023, соати 19:30, воситаи нақлиёти тамғаи “Дулан” бо ядак, рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ»  дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб бо далели аз кор баромадани тормоз, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, чанд мошинро пахш карда, ба ду манзили зисти шаҳрвандон зада даромадаааст, ки дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь