Хонаҳои сокинони шаҳри Кӯлоб, ки дар сонеҳаи 6 августи соли 2023 хароб шуда буданд, рӯзи 4 январи соли равон бо иштироки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода дода шуданд.
Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӣлоб барои 4 оилаи осебдидаи садамаи нақлиётии дар шаҳри Кӯлоб рухдода аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи Бозори Сомониёни шаҳр тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд.
Хонаҳои мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (1 хона), шаҳри Кӯлоб (1 хона), масҷидҳои ҷомеъ (1 хона) ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (1 хона) сохта шудаанд.
Манзилҳои истиқоматии сохташудаи МИҲД-и вилояти Хатлон ба оилаи осебдида Ёров Сафармад, МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ба оилаи осебдида Ёров Ҷумахон, масҷидҳои ҷомеъ ба оилаи осебдида Ёров Шамсулло ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба оилаи осебдида Ҷононова Қурбонбӣ супорида шуданд. Хонаҳо аз 3 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд. Майдони умумии манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 0,04 гектар сохта шуда, масоҳати умумии сохтмони онҳо 71,3 м2-ро ташкил медиҳанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки шоми 6 августи соли 2023 дар назди бозори «Сомониён»-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, 11 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Зимни суҳбат бо сокинони зарардида сарвазир аз онҳо даъват кард, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд, зеро давлату ҳукумат ҳамеша дар паҳлуи шаҳрвандонаш мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои садамаи нақлиётӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дошт.
Аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии кишвар, сокинони зарардида изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.
Сафари кории сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.