Дар шаҳри Кӯлоб давоми 8 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети шаҳр  118 дарсад таъмин гардида, ба буҷети шаҳр 13 миллиону 78 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шуд.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Ҳабибулло Раҳимов дар сӯҳбат ба “Фараж’ гуфт, нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ беш аз 71 миллиону 336 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он 84 миллиону 416 ҳазору 674 сомонӣ иҷро шуд.

Номбурда илова кард, хушбахтона дар ин давра ба буҷети шаҳр бешттар аз 13 миллиону 78 ҳазор сомонӣ ворид гашт.

Ӯ афзуд, ки барои зимистонгузаронӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ наздики 200  ҳазор сомонӣ  ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 72 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф  ҷудо карда шудаст ва  рӯзҳои наздик он пурра иҷро карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь