Тобистони имсол дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бар асари як сонеҳаи нақлиётӣ бештар аз даҳ кас ҷон додаву чор манзили истиқоматии сокинон хароб шуд. Бо супориши роҳбари давлат барои ин хонаводаҳо манзили истиқоматии нав бунёд мешавад, ки онҳо то оғози зимистон пурра ба истифода дода мешаванд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр  аз рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ ин оилаҳо дидан кард. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саривақт барои онҳо қитъаҳои замин ҷудо гардида, сохтмони хонаҳо бо маром  идома дорад.

Раиси шаҳри Кӯлоб  зимни боздид ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод,ки  бояд ин хонаҳо дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шаванд. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода ва тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки то кунун дар бархе аз хонаҳо корҳои болопӯшӣ, дару тиреза ва дигар корҳои васлу насб ба итмом расида, тибқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлатҳои муайянгардида ба соҳибонашон тақдим карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь