Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон як мард бо чор кӯдак, ки мехостанд барои харгӯшон лона созанд, зери кӯҳпора монда ҷон доданд.

Як манбаъ аз шаҳри Кӯлоб ба “Фараж” иттилоъ дод, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ рух додааст. Ба гуфти  манбаъ дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб як мард бо чор кӯдак, ҳангоми кандани хоки як қисмати теппа барои сохтани лонаи харгӯшон, зери хок монда, ба ҳалокат расиданд.

– Мард 45 сол дошта, кӯдакон 12, 10, 9 ва 6-сола буданд, – афзуд манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ хабар додаст, ки бо сокинони маҳаллӣ якҷоя ҷасадҳоро аз зери хок берун оварданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь