Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон корхонаи парандапарварӣ бунёд мешавад, ки баъди ба истифода доданаш даҳҳо кас бо ҷойи корӣ доими таъмин хоҳанд шуд.

Назарзода Бахтиёр,  раиси шаҳри Кӯлоб, аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи парандапарварии ҶДММ “Исмоилиёни Бурҳон” дидан кард.

Тавре масъулон ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, дар корхонаи мазкур танҳо парвариши мурғи гуштӣ ба роҳ монда мешавад, ки сохтмони корхона дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, гуфта шуд, ки баъди ба  истифода додани корхона, дар марҳилаи аввал имкони парвариши аз 60 то 80 ҳазор мурғ ҳаст.

Ба гуфтаи масъулони корхона, айни замон дар биноҳои асосӣ таъмир пурра ба анҷом расида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва насб гардидаанд. Ҳамзамон, тармим, сарсабз намудани атроф ва мумфарш гардидани ҳавлии корхона идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь