Вазъи амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 ва баррасии масъалаҳои мониторинг ва арзёбӣ дар ин самт дар вохӯрӣ  бо иштироки  муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Солеҳзода, коршиноси ҶАЙКА вобаста ба котиботи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирошӣ Ниино , раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар масъулони соҳаҳои гуногуни шаҳр баррасӣ гардиданд.

Раиси шаҳри  Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар суханронии худ пеш аз ҳама  меҳмононро ба шаҳри Кӯлоб хайрумақдам гуфта  афзуд, ки  бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб  барои солҳои 2020-2025 таҳия гардида,  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 таҳти№389 тасдиқ шудааст.

Ҳамчунин, раиси шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб шаш солро дар бар мегирад ва ба он 225 лоиҳа ба маблағи 7 млрд 12 миллион сомонӣ ворид шудаанд. Ба ҳолати 1 сентябри соли 2023-юм 57 лоиҳа аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъминоти оби нушокӣ, роҳу нақлиёт, таъминоти барқ ва ҳолатҳои фавқулода иҷро гардида, дар 49 лоиҳаи соҳаҳои мазкур  корҳо оғоз гардидаву идома доранд.

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. Солеҳзода дар бораи масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбии  барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи маҳал ва омода кардани мутахассисон дар ин самт фикру ақидаҳои худро иброз дошт.

Баъд аз анҷоми вохурӣ меҳмонон ва раиси шаҳри Кӯлоб аз рафти фаъолият ва  бунёди иншоотҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб  барои солҳои 2020-2025, аз ҷумла  аз фаъолияти ҶДДМ “Ваҳдат Текстайл”  ва аз  рафти  сохтмони девори қадимаи Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дидан карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь