Дар арафаи иди Рамазон аз ҷониби шаҳрдори Кӯлоб ба кормандони соҳаи комуналӣ маводи ғизоӣ кумак карда шуд.

Дар арафаи иди Саиди Фитр бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони масъул ба кормандони муассисаи давлатии “Хоҷагии комуналӣ”-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Корхонаи фаръии давлатии истеҳсолию истифодабарии манзил ва Корхонаи фаръии давлатии ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Кӯлоб кумакҳои яквақтаина дастрас гардид.

Зимни расонидани кӯмак аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр  бо кормандони корхонаҳои мазкур сӯҳбати гарму самимӣ шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь