Аз ҷониби шаҳрдори Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар моҳи Рамазон ба кормандони хидмати коммуналӣ маводи хурокворӣ тақдим карда шуд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба кормандони  КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва масъулини ободонии шаҳр, ки ҳамеша дар тозагӣ ва зебогии кӯчаву маҳаллаҳо саҳмгузор мебошанд, кумакҳои яквақтаина расониданд. Дар ин бора аз  МИҲД-и шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки кӯмакҳо аз маводи хурданӣ аз қабили орду равған, биринҷу макарон ва дигар маводи ғизоӣ иборат буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь