Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёду барқароркунинии 494 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирфита шудаанд, ки аз онҳо то имрӯз 102 ададаш сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД шаҳри  Кӯлоб  Алишер Бобоҷонов афзуд, ки айни замон дар шаҳр сохтмон 183 иншооти дигар идома дорад.

Гуфта шуд, ки аз 494 иншооти бунёдшаванда 86 адад дар соҳаи маориф, 51 адад дар соҳаи тандурустӣ, 42 адад дар соҳаи соноат, 10 адад дар бахши варзиш, 51 адад дар самти хидматрасонӣ, 42 адад дар соҳаи савдо, 38 бинои баландошиёна ва маъмурӣ, 111 адад дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия, 16 адад дар бахши кишоварзӣ ва боқӣ дар дигар соҳаҳо мебошанд.

Қайд гардид, ки дар доираи эълон гардидани солҳои  2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар шаҳри Кӯлоб бунёди 42 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он то имрӯз 10 ададаш сохта ба истифода дода шуда, дар 28 коргоҳу корхонаи дигар сохтмон идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь