Бархӯрди як мошини боркаш, таҳти идораи нафаре, ки ҳуҷҷати ронандагӣ надошт, ба мошини сабукрав боиси ба ҳалокат расидани шаш узви як оила гардид. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Рӯзи 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 10:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз”, Мамадуллои Рустамхон, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, бе шаҳодатномаи ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти фурудгоҳи шаҳри мазкур, дар гардиши сероҳаи деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Икромов Дилшод Назриевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Икромов Д.Н. ва мусофирони автомашинаи мазкур Икромов Фарҳод Назриевич, соли таваллудаш 1983, Гулова Заҳро Шоҳевна, соли таваллудаш 1958, Икромова Майдагул Назриевна, соли таваллудаш 1981, Солиҳова Меҳронбӣ Раҳмонуллоевна, соли таваллудаш 1986 ва хурдсол Назризода Шаҳнозаи Дилшод, соли таваллудаш 2013, сокинони ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.