Дар шаҳри Кӯлоб бақияи қарзи андоз ба якуми майи соли ҷорӣ 16 миллиону 500 ҳазор сомонро ташкил медиҳад, ки аз ин 11 миллионаш танҳо аз идораи оби шаҳр аст.

Роҳбари Нозироти андози шаҳри Кӯлоб Ибодулозода Алиҷон дар сӯҳбат ба Фараж гуфт, ки бақияи қарзи андоз дар шаҳр нисбат ба аввали сол наздики як миллион сомонӣ кам карда шуд.

Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки 80 дарсади қарз, яъне 11 миллионаш танҳо аз идораи оби шаҳр, 600 ҳазори дигар аз ҶСК “Суғдиён” ва боқӣ аз дигар ташкилоту идораҳо мебошад.

Манбаъ гуфт, бо вуҷуди ҳамаи ин мушкил, қисми даромади буҷети шаҳр дар чор моҳи соли ҷорӣ 104 дарсад таъмин карда шуда, ба буҷети шаҳр 41,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбати нақша 1,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь