Сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Музаффар Сайфуллохӯҷаев мегуяд, ки 80 садяк замини ноҳамворро бо маблағи 17 ҳазор сомонӣ ҳамвор ва ба кишт омода кард, вале соли 2016 дар натиҷаи омадани сел ин замин корношоям гардид.
Тавре номбурда дар сӯҳбат ба мо иброз дошт, тӯли панҷ сол ба идораҳои дахлдори ноҳия муроҷиат кард, вале ҷавоби қонеъкунанда нагирифт.
– Дар як ҳавлӣ панҷ бародар зиндагӣ мекунем. Аз бонк 17 ҳазор сомонӣ қарз гирифтем, то ҳамин заминро обод карда картошка кишт кунем. Ба идораи роҳсозии ноҳия муроҷиат кардем, ваъда карданд, ки бо ҳамин маблағ заминро ҳамвор карда, барои пешгирӣ аз фаромадани сел дамбазо месозанд, аммо заминро ҳамвор карданду халос. Баъди омадани сел ба Ҳукумати ноҳия муроҷиат кардем, то дар барқарор кардани замин ба мо ёрӣ кунанд, ё дар ҷои дигар заминамон диҳанд, вале касе ба доди мо намерасад, – мегӯяд Музаффар Сайфуллохӯҷаев.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Ҳотам Аҳмадзода доир ба ин қазия иброз дошт, ки аз ин ҳолат огоҳанд ва дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор чора меандешанд.
Комрони Аслон