Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон корхонаи коркарди шолии ҶДММ “Кӯҳдоман Фархор” мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ин ҳисоб 12 кас соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Аз ҳукумати ноҳия ноҳияи Фархор иттилоъ доданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Ҳукумати Ҷопон, дар деҳаи Куҳдомани ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор, коргоҳи коркард ва бастубанди биринҷ, истеҳсоли орди навъи якум ва олӣ, шоназании пахта ва коркарди хуроки чорво сохта ба истифода дода шуд.

Ба иттилои роҳбари корхона Тоҳир Айтматов, дар ин корхона 12 нафар сокини маҳаллӣ, ки ду нафарашон зан ҳастанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки ҶДММ “Куҳдомани Фархор” дорои 22 гектар замини кишоварзӣ мебошад, ки дар 10 гектараш шолӣ парвариш карда мешавад, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили ба дастомада аз ҷумла шолӣ, гандум, ва дигар намуди зироат, ҳамчун маҳсулоти худӣ, дар ин корхона коркард карда мешаванд.

Дар ифтитоҳи корхона намояндаи Агентиии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Имаи Сейҷу, ҳайати ҳамроҳонаш, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь