Ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтаст, ки имсол зиёда аз 2  ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳрро  ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ фаро бигирад.

Аз мақомоти иҷроияии ҳокимияти давалтии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки бо ташаббуси шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳоло дар  истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”-и  ноҳияи Муъминобод, ки дар ихтиёри Шуъбаи моарифи шаҳри Кӯлоб мебошад, таъмиру навсозӣ идома дорад.

Аз Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб низ ба “Фараж”  хабар доданд, ки барои таъмири истироҳатгоҳи “Шарора” аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр 220 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки 80 дарсади он ҷудо карда шуд.

Худоидоди Сиёвуш, мутахассиси шуъбаи моарифи шаҳри Кӯлоб илова кард, ки имсол 580 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” ва беш аз 1520 нафри дигар дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

Роҳбари истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”-и шаҳри Кӯлоб гуфт, ки  ин истироҳатгоҳ аз соли 2015 ба Шуъбаи моарифи шаҳр вобаста карда шудаст.

– Истироҳатгоҳи музкур муддати ду сол бо сабаби паҳн шудани коронавирус аз фаъолият боз монд,  имсол бо дастгирии раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода таъмир мешавад.

Ӯ қайд кард, ки бояд то рӯзи 15-июни соли ҷорӣ ин истироҳатгоҳ пурра аз таъмир бароварда шуда, ба қабули кӯдакон оғоз кунад.  Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”-и шаҳри Кӯлоб имкон дорад дар як вақт 130 нафарро қабул кунад. Истироҳатгоҳи “Шарора” дар ноҳиия Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир буда, масоҳати он 19 гектар мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь