Котиби коллегияи судии суди шаҳри Душанбе Кенҷаев Баҳром Валиевич бо роҳи фиреб ва суистифода аз бовари шаҳрванд «А» барои ба фоидаи ӯ ҳал кардани баҳси граждании манзили истиқоматӣ 4000 доллар талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Кенҷаев Баҳром Валиевич зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 4000 доллар дар шаҳри Душанбе кучаи Ҷаббор Расулов дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати Кенҷаев Баҳром Валиевич бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here