Бонки Эсхата пешниҳоди муфидро барои мизоҷони худ пешниҳод менамояд. Акнун шаҳрвандон метавонанд корти миллиро ройгон дастраст намоянд. Дар ин бора қарори мазкур бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», инчунин бо мақсади оммавигардонии пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути  барномаи мобилии «Эсхата Онлайн» қабул намудааст.

Корти миллӣ як қатор афзалиятҳо дорад:

  • – Имконияти анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ барои мол ва хизматрасониҳо тавассути ҳама гуна POS-терминалҳо
  • Гирифтани пули нақд то 10 000 сомонӣ бе комиссия аз банкоматҳои бонк. Дастрасии шабонарӯзӣ ба пули нақд
  • Агар шумо кортро ба Эсхата Онлайн пайваст намуда, дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки шарики Бонки Эсхата мебошад, бо истифода аз QR рамзи ягона пардохт кунед, бароятон 1% кешбэк ба суратҳисоби бонусӣ ворид карда мешавад. Иқдом до охири соли ҷорӣ фаъол аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки акнун шаҳрвандон метавонанд тавассути муроҷиат ба наздиктарин маркази хизматрасонии бонк ё ба таври фосилавӣ бо истифода аз “Эсхата Онлайн” кортро фармоиш диҳанд. Хизмастрасонӣ дар дохили шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ройгон мебошад.  Ҳангоми фармоиш додани корт, шаҳрвандон корти худро дар шаҳрҳои зикршуда ройгон ба даст хоҳанд овард.

Эсхата Онлайнро худи ҳозир насб намоед http://eskhata.com/online

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь