Дар Қазоқистон кортҳои бонкие дар истифода қарор гирифтаанд, ки бо қонуну қойидаҳои шариати мусулмонӣ мувофиқ гардонида шудаанд.

Аз ба истифода дода шудани чунин кортҳо Бонки исломии Al Hilal хабар додааст. Ин кортҳо пардохт шудани подошро барои маблағҳои боқимонда дар назар намегиранд, яъне ба мизоҷ имкон медиҳанд, ки рибохорӣ накунад.

Ба ғайр аз ин, бо ин кортҳо маблағи молу маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки ғайришариатианд, пардохт кардан намешавад. Соҳиби ин корт наметавонад, ки аз он дар марказҳои дилхушӣ, казино, ширкатҳои букмекерӣ, мағозаҳои фурӯши тамоку ва шароб истифода кунад.

Чунин кортҳои ҳалолро алҳол сокинони шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Шимкент соҳиб шудан метавонанд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь