Пас аз таҳқиқоти дусола, конгрессменҳои ИМА изҳор карданд, ки ба эҳтимоли зиёд коронавирус пайдоиши озмоишгоҳӣ дорад ва маҳз аз он ҷо хориҷ шудаву паҳн гардидааст.
“Вируси COVID-19 ба эҳтимоли зиёд аз як озмоишгоҳ дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шудааст”, гуфта мешавад дар гузориш. Тибқи гузориш, вирус дорои хусусиятҳои хоси биологӣ мебошад, ки дар табиат вуҷуд надоранд. Инчунин таъкид мешавад, ки ҳама сироятҳо аз ихроҷи ҳамин вирус ба вуҷуд омадаанд.
Дар ҳуҷҷат ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар Вуҳан як озмоишгоҳи бузурги тадқиқотӣ, ки ба омӯзиши вирусҳои SARS бахшида шудааст, ҷойгир аст. Аммо, ин озмоишгоҳ сатҳи пасти бехатарии биологӣ доштааст.
Муаллифони гузориш иддао доранд, ки муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Вуҳан дар тирамоҳи соли 2019, моҳҳо пеш аз ошкор шудани COVID-19 дар бозори гӯшт, ба вируси ба COVID монанд гирифтор шудаанд. Сипас, мақомоти Чин ин бозори мушаххасро манбаи сирояти вирус эълон карданд.
31-уми декабри соли 2019 Чин Созмони ҷаҳонии беҳдоштро аз хуруҷи бемории пневмонияи номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии кишвар (музофоти Ҳубей) огоҳ кард. Дар оғози моҳи январи соли 2020 Чин расман тасдиқ кард, ки иллати ин пневмонияи вирусӣ як штамми нави коронавирус будааст.