Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Дар хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки пас аз муоилиҷа 21 нафар шифо ёфтаанд. Мутаассифона, дар ин муддат аз ин вирус 1 нафар фавтидааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то ба 11-уми июл дар кишвар 13834 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то рӯзи ёдшуд 13535 нафар (97,8%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, аз авваи хуруҷи ин вирус 103 нафар фавтидаанд.
Блоки рекламавӣ