Мақомоти Ӯзбекистон аз бадшавии вазъи эпидемиологӣ ва афзоиши сирояти коронавирус дар кишвар ибрози нигаронӣ мекунанд. Ӯзбекистон аз 18-уми апрели соли равон аз қоидаҳои шадидтари қарантин истифода хоҳад кард.

Дар ин кишвар сироятшавии одамон аз ин вирус идома пайдо кардааст. 17 апрел 342 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Дар айни ҳол 238 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд ва ду нафар фавтидаанд, теъдоди умумии фавтидагон аз ин вирус ба 638 нафар расидааст. Танҳо дар шаҳри Тошканд теъдоди сироятшудагон 221 нафарро ташкил кардааст.

Гуфта мешавад, одамон эҳтиёткориро аз даст додаанд ва то чи андоза муҳим будани ҳифзи саломатии худро фаромӯш кардаанд. Бепарвоӣ ба қоидаҳои карантин шумораи беморони ба куруно сироятшударо рӯ ба афзоиш овардааст.

– Дар айни ҳол, маҳз ҳамин бетафовутӣ нисбати қоидаҳои қарантин мунҷар ба он шудааст, ки теъдоди сироятшудагони ин вирус ҳатто дар як шабонарӯз 300 нафарро убур кунад. Мутаассифона, дар кишвари мо намуди вируси штамми африқоӣ низ ба қайд гирифта шудааст, – гуфтааст нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов зимни баргузории як ҷамъомади оҷили ҳукуматӣ.

Ба таъкиди раиси ҳукумати Ӯзбекистон аз ин раванди ташвишовар президент Шавкат Мирзиёев низ ибрози нигаронӣ кардааст. Абдулло Арипов тазаккур додааст, ки президент ба комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ шадидан эътироз намуда, таъкид кардааст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ фавран чораҷӯӣ кунанд.

– Агар дар муассисаҳои таълимӣ сироятшавӣ ба ин беморӣ муайян карда шавад, фаъолияти ин муссисаҳо барои ду ҳафта фавран мутаваққиф сохта мешавад. Дар ин давраи қарантин муассисаҳо дар шакли онлайн фаъолияти худро идома медиҳанд, – изҳор кардааст Абдулло Арипов.

Вай зарурати баргузор намудани намозҳои таровеҳро дар ҳавои кушод ба мақсад мувофиқ арзёбӣ кардааст. Нахуствазири Ӯзбекистон афзудааст, ки маросимҳои ифтор низ бояд дар давраи маҳдуд ва бо ширкати аъзои хонаводаҳо сурат гирад. Аз баргузории ифторҳои бошукӯҳ ва пурдабдаба низ ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

– Теъдоди нақлиёти шаҳриро афзоиш медиҳем ва мусофирон бояд ба қоидаҳои қарантин қатъиян риоя карда, аз нақлиёти шаҳрӣ истифода баранд. Аз 1 май роҳандозии барномаҳои консертӣ дар коху толорҳои болояш пӯшидаи фарҳангӣ мутаваққиф сохта мешаванд, – гуфтааст Абдулло Арипов.

Ба гуфтаи ӯ чунин корбаст барои ошхонаҳо низ ба таври нисбатан маҳдуд ҷорӣ карда мешавад. Истифодаи ниқоби тиббӣ минбаъд барои ҳар шаҳрванд аз шарту зарур маҳсуб хоҳад буд. Дар сурати вайрон кардани қоидаҳои карантин ба ҷарима кашидани шаҳрвандон ба роҳ монда хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, баъди ҷорӣ намудани қоидаҳои шадиди карантин дигар кормандони умури интизомӣ нисбати одамони бидуни ниқоб аз танбеҳдиҳӣ даст хоҳанд кашид ва шаҳрвандонро маҷбур хоҳанд кард, ки миқдори ҷаримаҳои муқарраршударо супоранд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь