Мувофиқи омори расмие, ки нашр мешавад, дар дунё шумораи нафароне, ки аз коронавирус сироят ёфтаанд, ба 67 386 262 нафар расида, 1 541 641 кас ба ҳалокат расидаанд. Айни ҳол 19 264 488 тан аз ин вирус беморанд ва 46580133 кас шифо ёфтаанд.

Шумораи бештари гирифторони ин вирус ҳоло ҳам дар ИМА ба қайд гирфта шудаанд, ки 15 159 529 нафаранд ва 288 906 кас ба ҳалокат расидаанд. Айни ҳол 6 015 030 нафар беморанд ва 8 855 593 каси дигар шифоёфтаанд.

Дар Ҳиндустон 9 676 801 нафар гирифтори CoViD-19 шудаанд, ки 140 590 кас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин ҷо шумораи шифоёфтагон 9 138 171 нафар гуфта мешавад. Дар Бразилия, ки дар ин рӯйхат сеюм аст, 6 603 540 каси сироятшуда маълум шудаанд. Дар ин ҷо 176962 кас қурбони ин вирус гаштаанд ва 5 776 182 кас шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон то шоми дирӯз шумораи умумии гирифторон 12428 нафарро ташкил мекард. Шабонарӯзи гузашта (6-уми декабр) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар шабонарӯзи охир 37 нафар табобат гирифта, аз бемористонҳо рухсат шудаанд. Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд. Шумораи шмфоёфтгаон 11833 нафар мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь