Шумораи гирифторини коронавирус дар миқёси ҷаҳон ба 2 миллион расид, хабар дод Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Хопкинс, ки омори шахсии худро мебарад.
Тавре ОИР “Новости” дар такя ба омори ин донишгоҳ овардааст, шумораи сироятёфтагон дар саросари ҷаҳон 2 019 320 нафар буда, қурбонии вирус 119 483 нафар дониста мешавад. Теъдоди шифоёфтагон наздик ба 449 ҳазор нафар муқаррар гардидааст.
Блоки рекламавӣ