Ду корманди Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пора дар назди бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудаанд.

Аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан мухими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия аз рӯи парвандаи ҷиноятии нисбати Нурддинов А.А., Носиров Э.Р. ва дигарон бо моддаҳои 105, қисми 2, бандҳои «ж,з», моддаи 30, қисми 3, моддаи 105, қисми 2 бандҳои «а,ж,з»-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои тафтишотӣ гузаронида шуда, зарурати ба сифати шоҳид пурсиши шахрвандони Тоҷикистон «А» ва «Б» ба миён омада, ба кормандони Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки ин одамонро барои тафтиш ҳозир кунанд.

Сардори Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Камолов Алоҳиддин бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ваҳобов Ҷовид Неъматович, бо истифодаи мақоми хизматӣ бо максади тасарруфи молу мулки ғайр, 29-уми августи соли 2017 аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб, бо баҳонаи ӯро бо парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид ҷалб намуданашон, 15.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудаашон дар утоқи кории Ваҳобов Ҷовид Неъматович 5000 сомониашро гирифта, овардани 10.000 сомониро талаб кардаанд. Ҳамчунин, Камолов Алоҳиддин ба ҳамин монанд аз шаҳрванд «Б» маблағи 15.000 сомонӣ талаб кардааст. Шарики ҷинояти ӯ Ваҳобов Ҷовид Неъматович бо маслиҳати пешакии Камолов Алоҳиддин 30-юми августи соли 2017 аз шаҳрванд «Б» дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили автомашини шахсиаш тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш ЕВ 54-80 01 РТ, 5000 сомониро гирифта, овардани 10.000 сомониро талаб кардааст. Шаҳрвандон «А» ва «Б» аз кирдорҳои ҷиноятпешаи Камолов Алоҳиддин ва Ваҳобов Ҷовид Неъматович огоҳ гашта, бо ариза ба Агентӣ муроҷиат ва хоҳиш кардаанд, ки нисбати номбурдагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ худи ҳамон рӯз, яъне 30-юми августи соли 2017, дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе майори милитися Ваҳобов Ҷовид Неъматович баъди бо маслиҳати пешакӣ бо Камолов Алоҳиддин зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 10.000 сомонӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш ЕВ 54-80 01 РТ дастгир гардида, маблағи 10.000 сомонӣ аз дохили автомашинаи номбурда ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Нисбати Ваҳобов Ҷовид Неъматович ва Камолов Алоҳиддин бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь