Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошт шудани як корманди комиссариати ҳарбӣ дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ барои додани билети ҳарбии қалбакӣ аз даъватшаванда пора гирифтааст.

Шайхов Авазхон Зоғакович дар вазифаи сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо суистифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр намудани билети ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ аз шаҳрванд Орифов С. 400 доллар ва 250 сомонӣ гирифта, ба ӯ билети ҳарбии қалбакӣ додааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Шайхов Авазхон Зоғакович бо моддаи 247 қисми 3, банди «а», 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь