Бо гузашти 6 моҳ аз партоби аввалин мушаки балластикии байниқитъавии Кореяи Шимолӣ, як мақоми америкоӣ иддао кардааст, ки Пхенян дар ҳоли кор бар рӯйи як нусхаи пешрафта аз мушаке аст, ки метавонад ба хоки Америка бирасад.

Мақомоте, ки чунин иддао доранд, тасдиқ кардаанд, аз ин барномаи Кореяи Шимолӣ огоҳӣ доранд ва мегӯянд, ин мушаки балластикии байниқитъавии тоза арзёбишуда, танҳо бахше аз талошҳои раҳбари Кореяи Шимолӣ барои тақвияти ҳарчи бештари тамоми бахшҳои мушак ва тавонмандии ҳамлаҳои аслиҳаи атомии ин кишвар мебошад.

Ин хабар дар ҳоле мунташир шудааст, ки президенти Америка Доналд Трамп қасд дорад ба Осиё сафар кунад ва бо мақомоти кишварҳои ин минтақа дар бораи масъалаи барномаи мушакӣ ва атомии Кореяи Шимолӣ баҳс ва гуфтугӯ кунад.

Америка ҳамчунон мӯътақид аст, ки эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки Кореяи Шимолӣ дар соли 2018, битавонад қадамҳои муҳиме дар заминаи қарор додани кулоҳак бар рӯйи яке аз мушакҳои байниқитъавии худ бардорад.

Дар хабари дигаре мунташир шуд, ки сенаторҳои ҷумҳурихоҳ ва демократи конгрес дар ҳоли омода кардани бастаи таҳрими нав алайҳи Кореяи Шимолӣ мебошанд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь