Ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Бӯстон аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Номбурда, рӯзи 14-уми октябри соли 2017, тахминан соати 18:30, дар кӯчаи Севернаяи шаҳри Бўстон бо марди 22-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муноқиша кардааст. Хархаша ба ҷангу ҷанҷол табдил ёфтааст, ки ин мард бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь